ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 5 октябр ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати мавлуд сарони бештар аз 10 кишвари ҷаҳон барқияи табрикотӣ ирсол кардаанд.
Аз ҷумла раисҷумҳури Русия Владимир Путин, Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Чин Си Ҷин Пин, Белорус Александр Лукашенко ва Украина Пётр Порошенко мактуби шодбошӣ ирсол кардаанд.
"Дар Русия саҳми шахсии Шуморо дар рушди муносиботи шарикии стратегӣ миёни кишварҳоямон баланд арзёбӣ мекунанд. Мехоҳам омодагии хешро ба идомаи муколамаи созанда бо Шумо ва ба манфиати пойдории суботу амнияти минтақавӣ баён намоям. Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва бурдбориҳо таманно дорам", - менависад Владимир Путин.
"Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, аз самими дил тансиҳатии комил, неруи беинтиҳо ва фатҳи қуллаҳои навро дар фаъолияти давлатиатон баҳри шукуфоии мамлакат, ба мардуми бародари Тоҷикистон-сулҳ, некӯаҳволӣ ва пешрафти минбаъда таманно дорам", - омадааст дар барқияи табрикотии Шавкат Мирзиёв.
"Шумо бо шарофати меҳнати пайваста ба манфиати кишвар, таҷрибаи бой ва касбият дар фаъолияти идораи давлат миёни мардуми худ сазовори нуфузи баланд гардидед. Ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо рушди минбаъда ва пешрафти рӯзафзун хоҳонам", - гуфтааст раисҷумҳури Қазоқистон.
Раисҷумҳури Чин Си Ҷин Пин ва раисҷумҳури Украина Пётр Порошенко низ аз ҳамкориҳои хуби Тоҷикистон бо кишварҳояшон ёдовар шуда, ба раисҷумҳур тансиҳативу мувафақиятҳо таманно кардаанд.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феълан бо сафари корӣ дар Ҷопон қарор дорад.