ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Имрӯз, 5 октябр дар рӯзи зодрӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими истиқболи расмии раисҷумҳур дар дафтари сарвазири Ҷопон сурат гирифт. Дар ин бора дафтари матбуотии президент хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ба хотири истиқболи расмии меҳмони олиқадр макони пазироӣ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, горд ва оркести фахрӣ саф ороста буд.
"Эмомалӣ Раҳмонро нахуствазири Ҷопон муҳтарам Синдзо Абэ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард. Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод. Сипас сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии кишвари мизбон эҳтиром ба ҷо оварданд", - менависад манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ҷопон шинос шуданд.
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.