Боздиди Раҳмон аз “Қалъаи Ниҷоҷо” дар Киотои Ҷопон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом в Японию
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом в Японию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари расмиаш ба Ҷопон ба музофоти Киото сафар карда, аз “Қалъаи Ниҷоҷо” боздид намуд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ташрифи расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Киотои Ҷопон аз боздиди “Қалъаи Ниҷоҷо” оғоз шуд.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷопон рафт

Ба иттилои манбъ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар “Қалъаи Ниҷоҷо” бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар Киотои 17 макони таърихӣ мавҷуд аст ва “Қалъаи Ниҷоҷо” дар байни онҳо мақоми хоса дошта, ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Асосгузори “Қалъаи Ниҷоҷо” Токугава Иэясу буда, бунёди он соли 1601 оғоз гардида, соли 1626 ба анҷом расидааст.

Майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудааст. Ҳудуди қалъа асосан аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару ҷойгир аст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетил музей памяти жертв бомбардировки Хиросимы - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Хиросима аз қурбониёни бомбаи ҳастаӣ ёд кард ва ба масъулин тӯҳфа дод

“Қалъаи Ниҷоҷо” ҳамчун қароргоҳи императори Киото бунёд шуда буд. Худи қасри император бошад, дар кисми шимолу шарқии қалъа ҷойгир аст.

Соли 1939 “Қалъаи Ниҷоҷо” ба макони сайру саёҳати одамон тадбил дода шуд. Дар ҳудуди қалъа якчанд боғ ва дарахтзори олу ва олучаҳои японӣ мавҷуд аст. Боғи Ниномару аз ҷониби меъмор ва усто Кобори Эншу бунёд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0