Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷопон рафт

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 октябр бо сафари расмӣ ба Ҷопон сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳурро дар фурудгоҳи Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0