ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Аҳмадзода дар паёми шодбошияш таъкид намудааст, ки меъморӣ шуғли мураккаб ва пурмасъулият аст.
“Аз нақшаи офаридаи меъмор, аз донишу малакаи ӯ, аз тахайюл ва ҷасорати ӯ зебогӣ, устуворӣ, сифат, пойдорӣ ва ҳузуру ҳаловати бино ва ё иншооти оянда вобастагӣ дорад. Танҳо доштани ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал ва замонавӣ, маҳорати кордониву ҳалли муаммоҳо, истеъдоди бузурги нақшакашӣ ва амсоли инҳо метавонанд меъморро дар офаридани нақшаи мондагор ҳидоят намоянд”, - изҳор доштааст раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Ӯ зикр кардааст, ки дар ҳар як ҷашну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии бино ё қабулу баистифодадиҳии иншооти нав ба ҳукми анъана даромадааст.
Ӯ афзудааст, ки меъморон масъулияти касбии худро нисбат ба пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Тоҷикистон хуб дарк менамоянд ва ҳамарӯза барои амалӣ гардонидани вазифаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Аҳмадзода дар охир меъморон ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ бори дигар муборакбод гуфта, саломатӣ, барору комёбиҳоро орзу намудааст.