Бунёди корхона, коркарди гӯшту шир: Мулоқоти Раҳмон ва Лукашенко

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко в Душанбе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Имрӯз, 29 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Белорус Александр Лукашенко мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, раисҷумҳурон аз сатҳи хуби ҳамкории ду давлат дар доираи ИДМ ёдовар шуданд.

"Ҷонибҳо муҳимияти тақвияти робитаҳои доираҳои корию тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларусро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар комплекси агросаноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон таъкид намуданд", - менависад дафтари матбуотӣ.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боз таъиноти кадрӣ: таъини сафирони нав дар Белорус ва Австрия

Барои татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда вобаста ба коркарди муштараки маҳсулоти гӯшту шир истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус зарур шумурда шуд ва рафти татбиқи лоиҳаи муштараки бунёди боғҳои дарахтони мевадор дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин ба масъалаи густариши робитаҳои фарҳангӣ — гуманитарӣ, таҳким ва тавсеаи фазои иттилоотӣ-фарҳангӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ, эҷодӣ ва ходимони санъату адабиёт ва баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои ҳамдигар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Лентаи хабарҳо
0