ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Имрӯз 19 сенбябр Эмомалӣ Раҳмон, чанд таъиноти кадрии дигар анҷом дод.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷуимҳзури Тоҷикистон, қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Ҳакдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Эстония ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Латвия таъин карда шуд.
Инчунин бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Қаландар Идибек ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Руминия таъин гардид.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони навбатиаш Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмонро аз вазифа озод кард ва дар ҷои ӯ сафири нав Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшоро таъин кард.
Инчунин бо фармони раисиҷумҳур, Халифазода Масуд, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин шуд.