ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ба гузориши Тоҷик. ТА, Убайдуллоев дар кори ҷаласаи 137-умин маҷмуъи байнипарлумонӣ, ҷаласаҳои байнипарлумонии маҷмӯъи ИКҲ ва СПАД ширкат хоҳад кард.
"Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафари корӣ ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург рафт", — хабар дод ёрдамчии раис Наврӯз Қурбонзода.
Ба гуфти вай Маҳмадсаид Убайдуллов, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон бо даъвати раиси Шӯрои байнипарлусонии ИКҲ Валентина Матвиенко ва раиси маҷмӯъи парлумонии СПАД Вячеслав Володин ба Санкт-Петербург рафтааст.
Қурбонзода хабар дод, ки Убайдуллоев дар кори ҷаласаи 137-умин маҷмуъи байнипарлусонӣ, ҷаласаҳои байнипарлумонии маҷмӯъи ИКҲ ва СПАД ширкат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев то 16 октябр дар ин шаҳр хоҳад монд.