ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ин нуктаро Новиков дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар ҳошияи тамрини байналмилалии “Антитеррор – 2018” дар Қирғизистон баён дошт.
Новиков изҳор доштааст, ки ба далели ҳифзи ноустувори марз бо Афғонистон силоҳ дар Осиёи Марказӣ паҳн шуда истодааст ва аъзои ба истиллоҳ “хуфта”-и “ДОИШ” метавонанд дар минтақа фаъол шаванд.
Ӯ таъкид намуд, ки дар доираи размоиш тамаркуз ба хатару мушкилоти воқеӣ мешавад, ки таҳдид ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Роҳбари маркази зиддитеррористии ИДМ аз ҷумлаи таҳдидҳои воқеӣ, талоши “ДОИШ”-ро барои ташкили пойгоҳҳои хилофат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонд, ки ба гуфтаи ӯ мақомоти махсуси кишварҳои ИДМ роҳҳои мубориза бо онро такмил хоҳанд дод. Ӯ афзуд эҳтимоли ташкили пойгоҳҳои хилофат аз ҳисоби фаъолсозии аъзои хуфта ва силоҳи паҳншуда дар Осиёи Марказӣ ба хатари воқеӣ табдил ёфтааст.
Дар размоиши байналмилалии “Антитеррор -2018”, ки феълан дар Қирғизистон идома дорад, намояндагони Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Белорус иштирок доранд.