Қиссаи пайвастшавии Саъдулло ба "ДОИШ" тариқи Ютуб: қарзҳоямро диҳед, маро накобед

Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҳабси шаҳрванд Саъдулло Казаков хабар додааст, ки тариқи Ютуб ба созмони террористии "ДОИШ" гаравидаст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кул, Казаков Саъдулло, моҳи феврали соли равон тавассути "Ютуб" ба саҳифаи "Муҳоҷир", ки ба намояндагони "ДОИШ" тааллуқ дорад, ворид шудааст. Манбаъ мегӯяд, Казаков баъди шинос шудан бо ғояҳои созмони террористӣ онро пазируфта, қасди сафар ба Сурия кардааст.

Никита Мендкович - Sputnik Тоҷикистон
Мендкович: гурӯҳҳои хобидаи ДОИШ дар Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар зарба заданд

Саъдулло 22 феврали соли равон ба падараш Казаков Муродилло, бародараш Казаков Муҳаммадҷон ва падарарусаш Ханҷаров Зокир паём навиштааст, ки  мақсади ҷиҳод дар давлати "Шом"-ро дорад ва аз онҳо хоҳиш намудааст, ки ӯро накобанд, фарзандонашро нигоҳубин намоянд ва қарзҳояшро диҳанд.

Додситонии кул мегӯяд, Казаков 23 феврал бо роҳбаладии "Абу Марям", намояндаи "ДОИШ",  аз Душанбе ба Истанбул парвоз карда, дар меҳмонхонаи "Вербас" ҷой гирифтааст.

"Новобаста аз оне, ки аъзоёни гурӯҳи террористӣ дар бораи дар меҳмонхонаи «Вербас»-и шаҳри Истанбул қарор доштани Казаков огаҳӣ доштанд, вале бо сабабҳои номаълум сари вақт барои ӯро ба Ҷумҳурии Сурияи Араб равон кардан, наомаданд", — омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Видеои "ДОИШ" барои исботи ҳамлааш дар Данғара: байъати 5 ҷавони тоҷик ба Бағдодӣ

Манбаъ афзуд, ки 27 феврал дар пайи як амалиёти муштарак бо мақомоти Туркия Казаков боздошт ва моҳи март ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст, ки парванда алайҳи Казаков аз ҷониби додситони шаҳри Турсунзода 7 феврал оғоз гардидааст. Дар ҳоле, ки бар асоси ин иттилоия Казаков 23 феврал аз Душанбе ба Истанбул парвоз карда, боздошти ӯ 27 феврал сурат гирифтааст.

Додгоҳи шаҳри Турсунзода Казаковро дар қасди ҷиноят  ва иштирок дар ҷангҳои кишварҳои ҳудуди дигар гунаҳкор дониста, 12 соли зиндонаш шадид маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0