Кумитаи дин: тақозои тартибот эълони "ҷанг зидди мардуми Бадахшон” нест

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дини Тоҷикистон дар сомонааш силсиламақолаҳои руҳониёни кишварро нашр намудааст, ки дар онҳо аз бозтоби нодурусти суханони раисиҷумҳур дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Беҳрӯз Сатторов, имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе, дар мақолааш дар сомонаи Кумитаи дин навиштааст, ки тақозои раисиҷумҳур барои таъмини тартибот дар ВМКБ саривақтист.

“Дар ин тақозои Пешвои миллат аз мақомоти дахлдор ягон навъ “ҷанг алайҳи мардуми Бадахшон”, ки баъзан бо хусумат ва ба хотири иғвоангезӣ дар матбуот талаққӣ мешавад, пешбинӣ нашудааст” – навиштааст Сатторов.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Як моҳ муҳлат ба Ятимов, Раҳимзода, раиси ВМКБ: лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро кор баред

Ӯ афзудааст, ки мақсади тасмими роҳбарияти давлат гирифтани пеши роҳи ҷинояткориҳо мебошад.

“Зеро соли гузашта дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садҳо яроқу аслиҳаи оташфишон аз ҷинояткорони маҳаллӣ рӯёнида шуд, ки худ гувоҳи ҳанӯз ба тартиб наомадани вазъи иҷтимоъӣ дар ҳудуди ин вилоят мебошад. Гузашта аз ин, вилояти мазкур бо сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки солҳои охир задухӯрдҳои мусаллаҳона фазои онро ноором сохтааст, зиёда аз 800 км ҳамҷаворӣ дорад, ки хоҳ нохоҳ вазъи он зери таъсири вазъи кивари ҳамсоя қарор мегирад”, ‑ таъкид намудааст имомхатиби масҷиди марказии Душанбе.

Ӯ бо зикри пешравиҳо дар ВМКБ изҳор доштааст, ки “мардуми шарифи Бадахшонро мебояд ба ҳар гуна овозаву дасисаҳои бадкорон дода нашуда, шукронаи ин неъматҳои илоҳиро ба ҷо оранд ва дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани диёрашон ва пойдории амну субот дар минтақа камари ҳиммат банданд”.

Абдулҳай Наимов, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Норак низ дастовардҳои тариқи телевизион нишондода дар ВМКБ-ро ёдрас шуда, изҳор доштааст, ки барои рушди минбаъда тартиботи ҷамъиятӣ бояд таъмин бошад.

Амалиёти ВКД алайҳи мошинҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Бадахшон: вазъ ором ва тартибот бо маслиҳат таъмин мешавад

“Бешубҳа, бе таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, муайян намудан, омӯхтан ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда корҳои банақшагирифтаро амалӣ намудан ғайриимкон аст. Ва ҳар кадоми мо бояд дарк намоед, ки Пешвои миллат танҳо ба ҳамин хотир мақомоти дахлдорро муваззаф намуданд, ки вазифаҳои хизматиро бо дасту дили гарм иҷро намоянд”, - навиштааст Наимов.  

Ҷамолиддин Хомӯшов, сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ дар расонаҳои иттилоотӣ баъзе ашхоси ғаразҷӯ дасисаву хабарҳои дурӯғин паҳн намуда, сафари ахири хидматии раисиҷумҳурро ба ВМКБ  тобишҳои ғалату муғризона дода истодаанд.

“Ҳамагон медонанд, ки Бадахшон дар кадом гӯшаи кишвари азизамон ҷойгир аст ва атрофи ин вилоятро кадом гурӯҳ ва авзоъ иҳота дорад. Вақтҳои охир гурӯҳҳои ҷинояткор аз кишвари ҳамсоя Афғонистон бо воситаи ин минтақаи  сарҳадӣ ба кишвар маводи марговари мухаддир ва яроқ ворид карда истодаанд, ки аз истеъмоли ин мавод ва яроқи ғайриқонунӣ дар дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарордошта ҳазорон ҷавонони кишвар саломатӣ ва ҷони худро аз даст дода истодаанд. Аз ин хотир, вазифаи ниҳодҳои қудратии кишвар роҳ надодан ба воридшавии ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ба минтақа мебошад. Мақсади Пешвои миллату Ҳукумат танҳо пешгирии ҷинояту ҷиноляткорӣ ва нигаҳдошти амну субот дар ин минтақа асту халос”, - навиштааст Хомӯшов.

Ӯ изҳори умед кардааст, ки мардуми Бадахшон зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна дасисаву иғвоҳои гурӯҳҳои манфиатҷу дода намешаванд.

Эмомали Рахмон встретился с новыми назначенными в ГБА - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти куллии кадрӣ дар Бадахшон: Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорони нав чӣ супориш дод?

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанд бо зикри пешрафтҳо суханронии раисиҷумҳурро дар бораи мубориза бо ҷинояткориро аз рӯи адолат хондааст.

“Бо таваҷҷуҳ ба баъзе рӯзноманигорони дурӯғнигор ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ гуфтаниам, ки дини мо аз мо тақозо дорад, ки мо касе  ки набошем, дар куҷое ­ кор накунем, бояд ҳақиқатро гӯем, ки роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ шабу рӯз барои с­арбаландии миллат заҳмат мекашанд ва б­арои ободии кишвар ба вилоятҳо сафар мек­унанд, аз ҷумла сафарашон ба вилояти Бад­ахшон як сафари мубораке буд, ки мо аз т­ариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  ва васоити ахбор­и умум бохабар мешудем,мушоҳида мекардем­ ва дасти дуо бардошта дар ҳаққи халқу­ мамлакат ва Пешвои миллат дуои хайр мек­ардем”- навиштааст Мӯсозода.

Ин дар ҳолест, ки суханронии раисиҷумҳур дар Бадахшон, ки гуфт, агар лозим шавад, барои таъмини тартибот аз қувваҳои мусаллаҳ истифода бурда шавад, боиси нигарониҳо аз такрори амалиёти низомӣ дар Хоруғ шудааст. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ изҳор медоранд, ки тартиботро тариқи фаҳмондадиҳӣ таъмин мекунанд ва аллакай дар пайи ҳамкории мақомот бо мардум бисёри камбудиҳо, аз қабили мошинҳои сиёҳшиша ва беҳуҷҷат бартараф шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0