ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сорбон Юноев, сокини шаҳри Хоруғ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар маҳаллаҳо мулоқот бо мардум ҷараён доранд.
“Тартиботро бо маслиҳату фаҳмондадиҳӣ мешавад таъмин кард. Ҳозир мулоқот бо мардум дар маҳаллаҳо сурат мегиранд, ки дар он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд. Ҳамаи мардум ҳозир ҳаминро мехоҳанд, ки ҳар мушкиле, ки ҳаст тариқи маслиҳату фаҳмондадиҳӣ бартараф карда шавад”, - изҳор дошт Юноев.
Ба гуфтаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пайи мулоқот, бархе қоидавайронкуниҳое, ки дар роҳҳои Хоруғ ҷой доштанд, аз ҷумла ҳаракати мошинҳои сиёҳшиша ва беҳуҷҷат бартараф карда шуд. Такя ба нерӯҳои солимфикру созанда шуда истодааст, ки худашон қонунро риоя мекунанд ва аз дигарон низ риояи қонунҳоро интизору талабгоранд.
Сорбон Юноев гуфт, ҳеч зӯрӣ то ҳол дар таъмини тартибот кор бурда нашудааст.
"Мардум ҳама ба корҳои худ машғул, ҳаёти рӯзмаррра ҷараён дорад. Вазъ ором, меҳмонони хориҷию дохилӣ дар шаҳри Хоруғ оромона сайру гашт доранд", - гуфт Юноев.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ иттилоъ додааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ барои тоза кардани оинаҳои сиёҳшишаи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилояти мазкур ба роҳ монда шудаанд.
“Роҳбарият ва кормандони РБДА аз ҳамаи волидон, фаъолон, раисони маҳаллаҳо, зиёиён ва халифаҳо, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа хоҳиш менамояд, ки барои таъмини интизомнокӣ дар самти нақлиёт бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ пайваста ҳамкорӣ намоянд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
ВУД аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт талаб кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дуруст риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд ва барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомти БДА сари вақт муроҷиат намоянд.