ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласа лоиҳаи як қатор қонунҳо ва қарорҳои Ҳукуматро муҳокима карданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагӣ ба зимистонро ба миён гузошта, дастур додааст, ки деҳоти дурдасти ВМКБ, Суғд, Хатлон ва Рашт бо захираҳои маводи ғизоӣ таъмин гарданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт пурра ба зимистон омода карда шаванд.
Раисиҷумҳур ба Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроия дастур додаст, ки иҷрои саривақтии супоришҳояшро дар ВМКБ таъмин намоянд ва аз натиҷааш ҳисобот диҳанд.
Таъкиди раисҷумҳур ба иҷрои супоришҳояш дар ВМКБ дар ҳолест, ки зимни сафари ахираш ӯ аз иҷро нашудани дастурҳои қаблияш дар мавриди ташкили корхонаҳо, таъмири роҳҳо ва бахшҳои дигари барномаҳои рушд интиқод намуда, ба масъулин барои татбиқи онҳо то охири сол муҳлат дод.