Ширу гӯшт нест, мева хӯред: тартиботи нави ғизохӯрӣ дар Тоҷикистон

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПраздничный дастархан
Праздничный дастархан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гарчанде, ки дар Тоҷикистон ширу гӯшт барои истеъмол басанда нест, аммо шаҳрвандони кишвар метавонанд аз меваҳои гуногун барзиёд истифода кунанд. Меваҳои аз витамин бой барои тоҷикистониён барзиёд дастрасанд, ки ҳатто сокинони кишварҳои пешрафта ба он дастрасӣ надоранд

 ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон меъёрҳои асосии ғизохӯриро муқаррар кардаанд. Мувофиқи он сокинони миёнаҳол бояд хӯрокашонро ба тартиб дароранд.

Рӯйхати маҳсулотҳои асосии дастархони ҳар як тоҷикистонӣ  дар намунаи интишоркардаи Вазорати адлия аз ғалладона, гӯшт, шир, мева, сабзавот иборат буда, вазорати миқдори истеъмоли онро низ  дар як сол муайян кардааст.

Одатан чунин меъёрҳо хусусияти тавсиявӣ дошта, барои истифодаи инфиродӣ муайян шудааст ва барои ташкили  ғизои умумӣ пешниҳод намешаванд.

Ярмарка для милицинеров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гӯшт, шир ва тухм дар вилояти Суғд арзон мешавад

Аз тарафи дигар меъёрҳо ба соҳаҳои агросаноативу ва озуқаворӣ имкон медиҳад, ки кишварро бо маҳсулоти кифоя таъмин кунад.

Дастархони аз карбогидрат бойи тоҷикҳо

Агар ба хурокҳои ордию нонӣ, ғаладонагӣ ва лубиёгӣ нигарем, мувофиқи гуфтаҳои ҳукумати кишвар, бояд ин гуна ғизоҳо дар дастархони ҳар сокини Тоҷикистон ҷои калидӣ дошта, хурокҳои асосию бехатарӣ мардуми кишвар бошанд.

Меъёри истеъмоли хурокҳои нонию ордӣ дар Тоҷикистон барои як фард дар давоми сол – 147 килоро ташкил медиҳад. Ин меъёр дар ҳамсоякишвари Қирғизистон 9117 кило,  дар Хитой 110 кило, дар Амрико 74 килоро ташкил медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тавсияҳои пешниҳодшуда бо нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ на он қадар мутобиқат мекунанд. Масалан дар Русия истеъмоли аниқи хурокҳои нони 118 килоро ташкил медиҳанд, ки ин рақам дар муқобили 96 кило меъёри муқараршудаи ҳукумат меистад.

Общество студентов Таджикистана МОСТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастурамали либоси занон таҳия шуд: тавсия алайҳи сатр, топик, нимдоман, деколте ва калӯш

Аммо истеъмоли мева ва сабзавот дар Тоҷикистон нисбати бисёр давлатҳои Аврупо ва Осиё зиёдтар аст ва норасоии ин гуна хӯришҳо ба мушоҳида намерасад.

Истеъмоли сабзавот ва полизиҳо дар Тоҷикистон дар як сол барои як шахс 166 килоро ташкил мекунад, ки ҳамагӣ 3 кило камтар аз Амрико – 169 кило, ки ҳамчун кишвари пешрафтатарин дар соҳои хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.  Ин меъёр дар Қирғизистон 128 ва дар Русия 140 килограммро барои як шахс дар муддати сол ташкил медиҳад.

Аз ҳама ҷолибаш ин меваҷот мебошад. Дар Тоҷикистон дар як рӯз як нафар бештар аз 455 грамм мева истеъмол мекунад, ки ин баробар ба 124 кило дар давоми сол мебошад.  Дар Русия бошад ин меъёр дар як сол 100 килоро ташкил медиҳад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон  аз норасоии сафедаҳо танқисӣ мекашанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз норасоии хӯрокҳои гӯштию ширӣ танқиси мекашанд. Тоҷикистон дар ин масъала аз ҳамаи кишварҳои дар боло зикршуда ақибмондатарин аст. Сабаби норасоии хӯрокҳои гӯштию шириро дар кӯҳсор будани қисмати зиёди кишвар меҳисобанд. Заминҳои ҳамвор пахтакорӣ мешаванд ва барои зиёд кардани саршуморӣ чорво чарогоҳҳо басанда нестанд.

Дар Русия ба сари ҳар як нафар дар як сол 73 кило гӯшт рост меояд, дар Қирғизистон – 63, Амрико – 118, Австралия – машҳуртарин кишвари истеҳсолкунандаи гӯшти гов барои истеъмол – 121 кило мебошад.

Аммо дар Тоҷикистон сари ҳар нафар дар як сол 40 кило гӯшт рост меояд.

Празднование Ураза-Байрам в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин гуфт дар иди Қурбон "исрофкорон" ва "қиматфурӯшон"-ро ҷарима мекунад

Инчунин камбудиҳо нисбати норасоиҳои маҳсулоти ширӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Нишондиҳандаи миёнаи маҳсулотҳои ширӣ дар Амрико, Русия Қазоқистон дар як сол барои як нафар 250-300 килоро ташкил медиҳад. Дар баъзе кишварҳо ба монанди Олмон ва Нидерландия меъёри истеъмоли хӯрокҳои ширӣ 350-430 килоро дар як сол ташкил медиҳад, ки ин хело зиёд аст аз 115 килограмме, ки дар Тоҷикистон барои як фард дар як сол муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маърӯзаи нави Ташкилоти хурокворӣ ва хоҷагидории СММ дар Осиёи Миёна миллионҳо одамон аз истеъмоли хӯрок сер намешаванд ва ё хӯрокҳои пастсифатро истеъмол мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз се як ҳиссаи аҳоли ва ё 2,6 миллион нафар аз истеъмоли хӯроки босифат маҳруманд.  Дар Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон ин нишондиҳанда хеле кам аст, яъне – аз 5,5% то 6,4% ва ё 1,9 миллион (Узбакистон), 400 ҳазор (Қирғизистон) ва 300 ҳазор (Туркманистон) аҳолии ин кишварҳо хӯрокҳои пастсифат истеъмол мекунанд.

Аз ҳама зиёд кӯдакон аз норасоии ғизо танқисӣ мекашанд, масалан дар Тоҷикистон 300 ҳазор кӯдаки то панҷсола ба мушкилии қадкашӣ дучор шудаанд.

Продуктовая корзина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ним тухму 25 грамм моҳӣ: Ҳукумат ғизои якрӯзаи шаҳрвандонро тавсия дод

Баракси ин мушкилӣ яъне фарбеҳшавии зиёд дар кишвари ҳамсоя –  Узбакистон бо назардошти 14,4% ба мушоҳида мерасад.

Сабаби бемории фарбеҳшавии зиёдро мутахасисон дар миёни оилаҳое, ки аз меъёр зиёд барои хӯрок маблағ сарф мекунанд ва ё баракс дар байни оилаҳои камбағал, ки аз ғизоҳои босифат худдорӣ карда аз шакар ва хӯрокҳои равғанӣ зиёд истифода мекунанд муайян кардаанд.  

Лентаи хабарҳо
0