Гӯшт, шир ва тухм дар вилояти Суғд арзон мешавад

© Фото : пресс служба МВД РТЯрмарка для милицинеров, архивное фото
Ярмарка для милицинеров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои Ҳукумати вилояти Суғд истеҳсоли ин номгӯи маҳсулот дар вилоят афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилоят 11464,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 4,8 фоиз зиёд аст. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди раисҷумҳури  Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич — 48,1 фоиз, Мастчоҳ — 10,6 фоиз, Шаҳристон — 4,8 фоиз, Ашт — 4,7 фоиз зиёд намуданд.

"Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 68453,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 апрели соли 2017-ум 5,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич — 64,6 фоиз, Исфара — 10,6 фоиз, Истаравшан ва Мастчоҳ — 6,2 фоизӣ, Шаҳристон — 4,8 фоиз, Зафаробод — 3,7 фоиз афзудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,5 фоизро ташкил менамояд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

На рынках Худжанда упали цены - Sputnik Тоҷикистон
Арзоншавии нархи наво дар бозорҳои Хуҷанд: пас аз роҳкушоии Узбакистон

Дар давари ҳисоботӣ ба миқдори 38391,6 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич — 2,9 баробар, Исфара — 33,1 фоиз, Спитамен — 30,5 фоиз, Мастчоҳ — 16,3 фоиз, Ашт — 14,4 фоиз зиёд намуданд.

Пештар Ҳукумати Тоҷикистон хабари манъ шудани воридоти тухмро ба Тоҷикистон такзиб карда буд.

"Ба воридоти тухми мурғ дар умум ва ё аз кишвари алоҳидае маҳдудияте ҷорӣ нашудааст", — гуфтааст намояндаи "Тоҷикстандарт".

Пештар расонаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки ба кишвар воридоти тухми мурғ муваққатан мамнӯъ шудааст.

Ин чораҷӯӣ гӯё бо далели шикоятҳои бисёри сокинон аз сифати тухмҳои хориҷа санҷида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0