ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар Тюмен боз як “хонаи резинӣ” ошкор шуд, ки дар он 430 муҳоҷир аз кишварҳои ҳамсуд ғайриқонуни сабти ном шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии додситонии вилояти Тюмен.
Тавре, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум кардаанд аз моҳи августи соли 2017 то марти 2018 сокини Тюмен ба ВУД ин минтақа бораи сабти номи 430 муҳоҷир аз Озорбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дархост равон намудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар хонаи мазкур, ки аз се ҳуҷра иборат будааст, ғайр аз худи зан волидайнаш, хоҳараш бо шавҳараш ва се кӯдаки дигар зиндагӣ мекарданд.
Додгоҳ ин занро бо моддаи “ғайри қонуни сабти ном кардани шаҳрвандони хориҷӣ ” гунаҳкор дониста, 150 ҳазор рубл ҷарима кардааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан як мард аз вилояти Тюмени Русия дар хонаи худ 61 муҳоҷири меҳнатиро ғайриқонунӣ сабти ном карда буд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ин мард ҳуқуқ надоштаст худсарона муҳоҷиронро дар ин манзилаш сабти ном кунад.