Маҷлиси калони Озода Раҳмон: аз зикри дастовардҳо то камбудӣ ва сарзанишу супоришҳо

Обуна шудан
Раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ба масъулин дастур дод, ки муроҷиати шаҳрвандонро худи роҳбарони аввали вазорату идораҳо анҷом диҳанд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон 18 сентябр маҷлиси назоратӣ баргузор кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар назди Озода Раҳмон сардорони раёсатҳои коргузорӣ ва назорат, робитаҳои хориҷӣ, ҳуқуқ, мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, раиси дастгоҳ суханронӣ карда, фаъолияти раёсату идораҳоро натиҷагирӣ кард.

Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон: хизматчии давлатӣ бояд софдилу поквиҷдон бошад

"Озода Раҳмон аз дастовардҳои мардуми кишвар дар ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳи соли 2018 ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар самти иқтисоди бозории пешрафтаву устувори миллӣ сиёсати иҷтимоиеро дар ҳаёт татбиқ месозад, ки моҳияти башардўстона дошта, ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва густариши арзишҳои демократӣ мусоидат менамояд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Раиси дастгоҳ гуфтааст, ки дар раёсату идораҳо камбудитҳо низ ба назар мерасанд.

"Барои дуруст ба роҳ мондани кори хуҷҷатгузорӣ, интизоми меҳнат, назорати иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳур, инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар назди сардорони раёсатҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Озода Раҳмон ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳо, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои ИДМ ва мулоқоти сарвазирони СҲШ омодагӣ ба Паёми навбатии президент  ва ба истифода додани навбати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун”  ва омодагӣ ба зимистон чораандешӣ кунанд.

Раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур дар анҷом аз роҳбарони аввали вазорату идораҳо хоҳиш кардааст, ки қабули муроҷиати шаҳрвандонро шахсан анҷом диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0