ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, ки "Ховар" нашр кардааст, Озода Раҳмон аз ҳамаи хизматчиёни давлатӣ хизмати содиқонаю софдилонаро ба нафъи милату давлат тақозо намуда, таъкид доштааст, ки маҳз бо фаъолияти самарабахшу поквиҷдонона мо метавонем дар пешрафту тараққиёти боз ҳам бештари Тоҷикистон саҳми муносиб гузорем.
Озода Раҳмон зимни ҷамъомад ба бархе аз кормандони Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла Раҷабалидухт Файзинисо Мирзозода, муовини Мудири шӯъбаи тарҷума, Сайдалиев Маҳмадӣ Шодмонович, сармутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳ медали "Хизмати шоиста" тақдим намуд.
Абдуллозода Алишер Ҳамид, мудири бахши Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, Абдуллозода Фирдавс Асадулло, мудири бахши Раёсати ҳуқуқ, Бобоҷонзода Миҷгона, сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, Иноятова Саодат Исматовна, мутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорат, Файзуллоев Камол Мирзошарифович, сармутахассиси Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳ бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур тобеинашро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳо барору муваффақият таманно намудааст.