Фармони Раҳмон дар бораи таъини раиси нави Хоруғ, Рӯшон ва Роштқалъа

Обуна шудан
Раисҷумҳур бо имзои чанд фармон раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯшон ва Роштқалъаро барканор ва ба ҷойи онҳо чанд кадри дигарро таъин кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Имрӯз, 19 сентябр дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон нусхаи чанд фармони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи барканорӣ ва таъин шудани раисони се шаҳру ноҳияи ВМКБ мунташир кард.

Мувофиқи он раиси шаҳри Хоруғ, ноҳияи Роштқалъа ва Рӯшон аз мақом барканор ба ҷойи онҳо дигарон таъин шуданд.

Бино бар фармони раисҷумҳур  Махтобшозода Арамбегим Бозор аз мақоми раис шаҳри Хоруғ барканор шуда, ба ҷойи вай Шамиров Кишвар Ғуломрасулович раиси шаҳр таъин гардидааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боз таъиноти кадрӣ: таъини сафирони нав дар Белорус ва Австрия

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Махтобшозода Арамбегим Бозор аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад", - омадааст дар санад.

Ҳамчунин  мутобиқи як фармони дигар, Имомназар Хоҷаназар Лутфулло аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон барканор ва ба ҷойи вай Додихудоев Фарух Муборакшоевич раиси ноҳия таъин гардидааст.

Ба фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон Султонноёбов Юсуф Юсуфович аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа гирифта шуда, ба ҷойи вай Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович раиси ноҳия таъин гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Як моҳ муҳлат ба Ятимов, Раҳимзода, раиси ВМКБ: лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро кор баред

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад", - гуфта мешавад дар фармони Раҳмон таҳти рақами 1107.

Зимнан, дар фармонҳои кишвардор далели барканоршавии раисон гуфта намешавад.

Ёдрас мешавем, аз 11 то 15 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Пештар раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ амалӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0