ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев раиси "Умед 88"-ро ба 24 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст хабаргузории "tajikistantimes".
Ба гуфтаи манбаъ, Раҷабалӣ Одинаев ба "дуздии моликияти давлатӣ", "азхудкунӣ ё исрофкорӣ" ва "ғайриқонунӣ истифода намудани маблағҳои кредитӣ" гунаҳкор дониста шуд.
Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Вай ба сабаби напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки вазорати молия соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор мешуд.
Ширкати "Умед 88" яке аз бузургтарин таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки дар бозор бо ширкати "Газпром"-и Русия ва ширкати "Фароз" рақобат мекард.