Нахустин размоиши муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар моҳи сентябр баргузор мегардад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкУчения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото
Учения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нахустин размоиши муштарак, наздик ба 600 нафар низомиёни Тоҷикистону Узбакистон ширкат хоҳанд кард. Размоиши мазкур дар пойгоҳи маркази таълимии “Чоррух-Дайрон” ва майдони тарандозии “Нурафшон” дар вилояти Суғд баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Нахустин размоиши низомиёни Тоҷикистону Узбакистон, барои нобуд сохтани гурӯҳҳои террористӣ аз 18 то 22 сентябр дар вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба намояндаи Вазорати мудофиаи Узбакистон.

Совместные учения Коллективных сил оперативного реагирования (КСОР) ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои вижаи кишварҳои СПАД дар Қазоқистон размоиш мекунанд

"Аз 18 то 22 сентябр низомиёни Узбакистону Тоҷикистон дар минтақаҳои куҳии вилояти Суғд размоиши муштарак барои нобуд сохтани гурӯҳҳои шартан террористӣ баргузор мекунанд", — тасдиқ кард ҳамсуҳбати оҷонсӣ.

Бино ба маълумоти вазорати дифоъ, дар размоиши муштарак наздик ба 600 нафар низомиёни Тоҷикистону Узбакистон иштирок хоҳанд кард. Размоиш дар пойгоҳи маркази таълимии "Чоррух-Дайрон" ва майдони тарпаандизии "Нурафшон"-и вилояти Суғд баргузор мегардад.

Моҳи марти соли равон зимни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикситон барои нахустин бор миёни Вазорати дифоъи ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Учения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Тоҷикистон ва Узбакистон нахустин бор размоиш мекунанд

Инчунин шартномаи байни давлатӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвил борҳои низомӣ ва борҳои махсусу гурӯҳи низомиён тариқи қаламрави ҷумҳурӣ ба имзо расида буд. Моҳи август намояндагони Вазорати дифоъи ду кишквар дар шаҳри Ташкент барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро барои соли 2018 ба имзо расонданд.

Лентаи хабарҳо
0