Нерӯҳои Тоҷикистон ва Узбакистон нахустин бор размоиш мекунанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкУчения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото
Учения ОДКБ в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввалин машқҳои муштараки ҳарбӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон то охири соли равон баргузор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон нахустин бор машқҳои муштараки ҳарбӣ мегузаронанд, иттилоъ медиҳад оҷонсии ТоҷикТА бо истинод ба манбае аз доираҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон

"Аввалин дар таърих машқҳои муштараки ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Узбакистон то охири соли равон, баргузор мегарданд. Дар ҳоли ҳозир намояндагони мақомоти дифои ҳарду кишвар масоили мӯҳлати гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ, шумораи сарбозон ва афсарон, техникаи ҷангӣ, ки дар онҳо истифода хоҳанд шуд, баррасӣ мекунанд", — хабар дод манбаъ

Машқҳо метавонанд дар ҳудуди чанд размоишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбакистон гузаронида шаванд.

Дар рафти машқҳои муштараки ҳарбии Тоҷикистону Узбакистон нақши ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0