ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тими "Ахмат" таҳти роҳбарии Рашид Раҳимов рӯзи 16 сентябр дар Маскав дастаи мизбон — "Спартак"-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод
Дар ин бозии даври 7-уми қаҳрамонии Русия голи дастаи "Спартак" —ро Ҷикия ва аз дастаи "Ахмат", Родолфо ва Антон Шветс ба ҳадаф расонданд. Барои "Спартак" ин нахустин бохт дар мавсими ҷории Лигаи олии Русия мебошад.
Барои "Ахмат" ин нахустин бозӣ таҳти роҳбарии сармураббӣ Рашид Раҳимов буд, ки ахиран дар ин мақом Игор Ледяховро иваз намуд.
Раҳимов, ки қаблан низ "Ахмат"-ро тамрин медод, ахиран бо даъвати Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон дубора ба ин тим баргашт.
Қодиров ахиран дар саҳифааш дар шабакаи Телеграм навишт, ки "Ахмат" барои Раҳимов тими бегона нест ва ӯ дар шаҳри "Грозний", чун дар хонаи худ мебошад.
"Мо бо дӯстӣ аз ҳам ҷудо шуда будем ва имрӯз ба Рашид Мамадқулович боз мегӯем, ки ба хонаи худат хуш омадӣ", — навиштааст Қодиров дар саҳифаи интернетии худ.
Раисиҷумҳури Чеченистон зикр карда буд, ки 3,5 сол Рашид Раҳимов сармураббии тими "Ахмат" буда, охири соли 2017 баъди анҷоми муҳлати шартномааш тасмими танаффус гирифт.
Қодиров таъкид намудааст, ки дар аҳди Рашид Раҳимов дастаи "Ахмат" ба беҳтарин нишондод дар таърихаш ноил шуда, дар мавсими солҳои 2016 — 2017 дар зинаи 5-ум қарор дошт. Баъди рафтани Раҳимов аз "Ахмат" ин тим дар зинаи 10-ум қарор гирифт.