ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Қодиров дар саҳифааш дар шабакаи Телеграм навиштааст, ки "Ахмат" барои Раҳимов тими бегона нест ва ӯ дар шаҳри "Грозний", чун дар хонаи худ мебошад.
"Мо бо дӯстӣ аз ҳам ҷудо шуда будем ва имрӯз ба Рашид Мамадқулович боз мегӯем, ки ба хонаи худат хуш омадӣ", — навиштааст Қодиров дар саҳифаи интернетии худ.
Раисиҷумҳури Чеченистон зикр кардааст, ки 3,5 сол Рашид Раҳимов сармураббии тими "Ахмат" буда, охири соли 2017 баъди анҷоми муҳлати шартномааш тасмими танаффус гирифт.
Қодиров таъкид намудааст, ки дар аҳди Рашид Раҳимов дастаи "Ахмат" ба беҳтарин нишондод дар таърихаш ноил шуда, дар мавсими солҳои 2016 — 2017 дар зинаи 5-ум қарор дошт. Феълан тими "Ахмат" дар зинаи 10-ум қарор дорад.
Ахиран Лигаи олии Русия иттилоъ дод, ки Рашид Раҳимов ба мақоми сармураббии "Ахмат" баргашта, бо бошгоҳ барои ду сол созишнома имзо кард. Ӯ дар ин мақом Игор Ледяховро иваз кард, ки ахиран ба истеъфо рафт.