Изҳороти ВУХ дар бораи ҷаласаи САҲА: Душанбе идеологияи наҳзатиҳоро зидди яҳудиҳо хонд

© Пресс-служба МИД РТВыступление представителей Таджикистана на пятой рабочей сессии Ежегодного Совещании БДИПЧ ОБСЕ
Выступление представителей Таджикистана на пятой рабочей сессии Ежегодного Совещании БДИПЧ ОБСЕ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия мавқеашро дар робита ба ҷаласаи солонаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки феълан дар Варшава ҷараён дорад, баён намуд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, ҳайати Тоҷикистон  13 сентябр, дар иҷлоси панҷуми ҳамоиш, ки ба масъалаҳои таҳаммулпазирӣ ва адами табъиз, аз ҷумла мубориза бар зидди яҳудият, бе эътиноӣ ва табъиз дар дин ва ё эътиқоди зидди масеҳиён, мусулмонон  ва аъзои динҳои дигар бахшида шуда буд, баромад намуданд.

Протест против организации ОБСЕ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Посухи роҳбари САҲА ба эътирозгарон: иштироки террористон мамнуъ, барои дигарон озод

Манбаъ мегӯяд, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон  зимни суханрониашон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тамоми иқдомоти байналмилалӣ ва ҷаҳониро дар  робита ба муқовимат бар табъизи хусусияти динӣ ва зидди яҳудият дошта, дастгирӣ менамояд.

"Инчунин ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди имконияти майдони суханронӣ ба ТЭТ ҲНИ, ки идеологияи он аз таблиғи нафрат ба дин, зуроварӣ дар асосҳои динӣ, зидди яҳудият сарчашма мегирад, изҳори нигаронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷонибҳои  манфиатдорро ба масоили ҷойдошта ҷалб намуд", — изҳор доштааст Вазорати умури хориҷӣ.

Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА, ки рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Варшава оғоз шуд, бо иштироки намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон ва фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ идома дорад.

Ҷаласа аз 10 то 21 сентябр дар Полша баргузор мешавад. Ҳамоиши солонаи САҲА барои баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар мавриди ҳуқуқи инсон, бузургтарин рӯйдоди сол дар ин бахш арзёбӣ шуда, имсол дар он 1800 намоянда аз 57 кишвари узв ва шарикон иштирок доранд.

Лентаи хабарҳо
0