ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Хонум Юрёля, дар посух ба эътирозгарон алайҳи иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши солонаи ин созмон дар Варшава изҳор доштааст, ки иштироккунандагон ба ҳамоиш даъват намешаванд, он озод аст.
Сафир изҳор доштааст, ки ҷаласаи солонаи САҲА барои баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ҳуқуқи инсон, бузургтарин рӯйдоди сол дар ин бахш буда, имсол дар он 1800 намоянда аз 57 кишвари узв ва шарикон иштирок хоҳанд кард.
Ӯ таъкид намудааст, ки иштирок дар чорабинӣ барои намояндагони Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандие, ки дар бахши ҳуқуқи инсон фаъолият мекунанду аз террору зургӯӣ истифода намекунанд, озод мебошад.
Роҳбари барномаи САҲА дар Тоҷикистон шарҳ додаст, ки барои муайянсозии террористон ва масъалаи ҳузур доштани ин ё он шахсу созмон дар ҷаласа, масъулини САҲА ба феҳрасти байналмилалии созмонҳои террористӣ такя мекунанд. Дафтари САҲА оид ба ҳуқуқи башар масъули баргузории ин ҳамоиш мебошад.
"Чорабинии мазкур барои иштироки намояндагони ҳукуматҳо ё намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии дорои собиқаи муносиб дар ченаки инсонӣ ва онҳое кушода аст, ки ба истифода аз зӯроварӣ ё ҷалб шудан дар фаъолиятҳои террористӣ иҷоза намедиҳанд. Дар мавриди муайянсозии он ки шахсе ё созмоне дар фаъолиятҳои террористӣ иштирок менамояд, ин ба феҳристҳои террористии байналмилалии таъйиншуда асос ёфтааст", — омадааст дар изҳороти сафир.
Ӯ аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки соли равон Ҳукумати Тоҷикистон қарор додааст то дар Ҷаласа оид ба баррасии риояи ӯҳдадориҳо дар доираи андозагирии инсонӣ иштирок намояд.
"Рӯйдоди мазкур имконияти беназирро барои гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати доштани дастрасии комил ба ҷаласот, баррасиҳо ва табодули иттилоот дар бораи чолишҳо дар бахши ченаки инсонӣ бо намояндагони ҳукумат бар асоси баробар пешниҳод менамояд", — афзудааст Юрёля.
Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи иштироки аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши солонаи САҲА дар Варшава эътироз карда, дар назди бинои ин созмон дар Душанбе гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.
Юрёля дар робита ба эътироз изҳор доштааст, ки САҲА ҳақ ба озодии гирдиҳамоӣ ва баёнро дастгирӣ менамояд.