Ҷаримаи муҳоҷирбача барои кушодани дастархону додани таом дар "чил"-и падар

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-Байрама в Москве
Празднование Курбан-Байрама в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Файзобод Наврӯзбек Давлатовро барои кушодани дастархону додани як таом дар маъракаи "чил" - и падараш 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Файзулло Мирзода, додраси додгоҳи ноҳияи Файзобод ба хабаргузории "Ховар" иттилоъ додааст, ки Давлатов, сокини деҳаи Қасамдараи  ноҳияи мазкур, ҳангоми гузарондани маъракаи "чил"-и падараш қонуншиканӣ кардааст.

Шермухаммад Шохиен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сабти 5,6 ҳазор ҳолати нақзи қонуни танзим дар шаш моҳ

Ба иттилои додрас, бар асоси  қисми 2-и моддаи  11-и  Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", маросими "се", "чил" ва "сол" бояд бе забҳи чорво ва додани таом  баргузор карда шавад.

"Аммо Давлатов ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо кушодани дастархону  додани як таом гузаронидааст", — изҳор доштааст додрас.

Манбаъ навиштааст Наврӯзбек Давлатов соҳиби се фарзанд буда, айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва сатҳи зиндагияш паст мебошад.

"Вале ба ҳамаи ин мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ бо сарфи маблағи зиёд ва риоя накардани қонунгузории кишвар маъракаи «чил» —и падарашро  бодабдаба гузаронидааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0