Сабти 5,6 ҳазор ҳолати нақзи қонуни танзим дар шаш моҳ

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкШермухаммад Шохиен. Архивное фото
Шермухаммад Шохиен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ҳисоби ҷарима барои нақзи қонунни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, хазинаи давлатро ба 31 миллион сомонӣ пур карданд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон қонуни тамзиму анъанаро риоя намекунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, иттилоъ додааст Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, новобаста аз он, ки бисёре аз мардум ҳоло ҳам қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо риоя намкунанд, дар маҷмӯъ қонуншиканӣ кам шудааст.

Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пурдабдаба: дар Суғд 75 нафарро барои вайрон кардани қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашиданд

Дар шаш моҳи соли 2018 ба додгоҳҳои Тоҷикистон 317 парванда маъмурӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 108 парванда камтар мебошад.

Бояд қайд намуд, ки қонуншиканӣ ба хазинаи давлат фоида овардааст. Додгоҳҳои маҳалӣ ба хазинаи давлат 31,1 миллион сомонӣ ҳамчун ҷаримаву боҷи давлатӣ ворид карданд.

Инчунин хазинаи давлат аз ҷаримаи волидайни бепарво низ даромад гирифтааст.

Бино ба иттилои Шермуҳаммад Шоҳиён, барои вайрон намудани қонун дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд ҳазорҳо нафар ҷарима шуда, ба хазинаи давлат 774 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Лентаи хабарҳо
0