ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе, генерал Назарзода аз ҷумла дар мавриди иҷрои қарори махсуси Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт дар бораи гуруҳҳои таблиғотӣ гузориш додааст.
"Ҷиҳати иҷроиши Қарори махсуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 "Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе" дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ амалиёти маърифативу профилактикии "Одоби шаҳрнишинӣ" роҳандозӣ карда шуд ва гурӯҳҳои корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд", — изҳор доштааст сардори милисаи Душанбе.
Ба гуфтаи Шариф Назарзода маҳз дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ зимни фурӯши ғизо, овезон намудани либос дар пештоқ — балкони биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо дар доираи амалиёти "Одоби шаҳрнишинӣ" бартараф карда шуда, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок гардидаст.
Дар идома генерал Назарзода аз задухӯрдҳои гурӯҳии ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, хостори решакан кардани ин зуҳурот шудааст. Ӯ таъкид намудааст, ки бо фарорасии соли нави хониш назорати ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғон пурзӯр карда шавад.
Масъалаи дигаре, ки мояи нигаронии Назарзода шудааст, ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ мебошад. Ӯ дар хотима изҳор доштааст, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.