ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Шарофиддинов қасди таркондани идораи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархорро доштааст.
Дар ин бора ба РИА Новости аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Ба иттилои манбаъ Шарофиддинов мехостааст, ин амалро шоми 9 сентябр ҳангоми таҷлили Истиқлолият дар Тоҷикистон анҷом диҳад.
"Шарофиддинов, ки барои куштор 14 сол дар Русия зиндонӣ буд, баъди баромадан ба озодӣ тариқи радиои Zello ба созмони террористӣ пайваста, дастури амалӣ кардани ҳамлаи террористиро гирифтааст. Барои ин амал дастгоҳи худсохти таркандаро сохтааст, ки аз ӯ мусодира шуд", — изҳор доштааст манбаъ.
Алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ — зархаридӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Мақомот мегӯянд, зимни тафтишот дақиқ мешавад, ки Шарофиддинов мушахассан аз кадом гуруҳ дастури анҷом додани ҳамлаи террористиро гирифтааст.