Видеои баёноти роҳбари ҳамла ба сайёҳон ва изҳороти модараш: террорист таваллуд накардам

© AP / Zuly RahmatovaВелосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года
Велосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бо нашри гузориши 35-дақиқаӣ тафсилоти террор дар Данғараро аз қавли Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гуруҳи ҳамлагарон, пешниҳод карданд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Мақомот навори баёноти Абдусамадовро нашр кардаанд, ки дар он аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Носир Убайдов, мулаққаб бо Қорӣ Носир, фармоишгарони ҳамла ба сайёҳон дар Данғара ном бурда мешавад.

Ҳусейн Абдусамадов баёноташро аз он оғоз мекунад, ки бо роҳнамоии Қорӣ Носир дар Душанбе ва Эрону Русия таълим гирифтааст. 

Ӯ дар мавриди гуруҳе, ки ба сайёҳон дар Данғара ҳамла кард, изҳор дошт, ки замони муҳоҷирати меҳнатияш дар шаҳри Маскав дар сохтмоне бо Юсуфов Аслиддин шинос шуда, якҷоя дар назди Қорӣ Носир дар як ҳуҷра дар наздикии метрои Шёлковскийи пойтахти Русия таълим мегирифтаанд.

Погибшие американские туристы Lauren и Jay - Sputnik Тоҷикистон
Паёми модари Ҷей, қурбонии террор дар Данғара: хоҳиш кардаст, паҳн кунед

Бар асоси шоҳидии Абдусамадов, онҳо баробари дарсхонӣ дар Маскав, инчунин ба ғорату роҳзанӣ машғул мешудаанд, то буҷаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро пур кунанд. Ӯ аз ҷумла гуфт, тариқи дуздии мошинҳо ва фурӯши онҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ва ҳамла ба қиморхона маблағ ба даст овардаанд.

Абдусамадов афзуд, ки дар назди Қорӣ Носир дар Маскав шаҳрвандони дигари Тоҷикистон низ дарс мехонданд ва рӯзе ба онҳо гуфт, ки аъзои гуруҳ бояд ба Сурия ва Ироқ раванд. Ӯ ин дастурро аз номи раёсати ҲНИТ ироа карда, шарҳ додааст, ки аъзои гуруҳ бояд дар Сурия ва Ироқ бояд малакаи ҷангиро такмил диҳанд, то тавонанд дар Тоҷикистон аҳдофашонро амалӣ созанд.  

Ӯ инчунин аз таълими низомӣ дар Покистон, гирифтани ихтисоси "снайперист" ва якуним соли ҷанг дар Сурия ва Ироқ суҳбат карда, изҳор дошт, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Қирғизистон нақшаи террорро тарҳрезӣ кардааст.

Абдусамадов изҳор дошт, ки баъди бозгашт бо Юсупов Аслиддин дар тамос шуда, аз пайи ташкили гуруҳи "ҷиҳодӣ" шуданд.

"Дар хонаи амакам дар ноҳияи Панҷ, хешовандонам Асомиддин ва Зафарҷонро ба гуруҳи ҷиҳодӣ ҷалб намудам. Ба онҳо дарсҳои ақидавӣ медодам, ки бояд Тоҷикистонро давлати исломӣ кунем. Юсупов Аслиддин бародараш Ҷаъфариддинро ба гуруҳ ҷалб намуд", — гуфт Абдусамадов.

Ба гуфтаи ӯ моҳи июни соли равон Қорӣ Носир занг зада, аз номи роҳбарияти ҲНИТ супориш дод, ки бояд амали террористии сатҳи байналмилалӣ анҷом дода шавад. Мақомоти Тоҷикистон гузориш доданд, ки ин гуруҳ дар маҷмуъ барои амалӣ кардани ҳамла ҳудуди сад ҳазор рублро гирифта, бо хариди корду табар аз бозори Бохтар ҳамла ба сайёҳонро дар Данғара анҷом додаанд.

Абдусамадов афзуд, баъди ҳамла бояд ба Афғонистон мерафтанд ва бар асоси ваъдаҳои Қорӣ Носир ва Муҳиддин Кабирӣ дар Афғонистон аз Амиршоҳ ном одам бояд даҳ ҳазор долларро мегирифтанду ба Покистон мерафтанд.

Дар мавриди маросими савгандёдкунӣ ба номи "ДОИШ" роҳбари гуруҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷӣ гуфт, мо бо парчами ДОИШ навор гирифтем, аммо дар асл ин навор барои рӯйпуш кардани даст доштани ҲНИТ дар ҳамла мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузориш иттилоъ доданд, ки бархе аз ҷавонон, ки феълан боздошт шуданд, имкони пешгирии ҳамлаи террористӣ дар Данғараро доштанд.

Яке аз боздоштшудагон, Мансур Солеҳов дар гузориши мақомот изҳор медорад, ки Аслиддин бо ҳамроҳии Ҷаъфариддин ва Ҳусайн ба хонаи ӯ омада, маслиҳат карданд, ки сайёҳонро бояд кушанд.

Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёди дабири кулли СММ аз террор дар Данғара: чӣ кунем, ки террористон ба мақсад нарасанд?

"Пули калон ваъда доданд. Ман бо онҳо нарафтам ва пушаймонам, ки ба милиса хабар надодам", — гуфт Солеҳов.

Саъдулло Холмуродзода, дастгиршудаи дигар мегӯяд, Ҷаъфар пешакӣ омада, гуфта буд, ки "мо ҷиҳод меравем ва моро баъд дар телевизор мебинӣ".

Дар ин гузориш инчунин Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн суҳбат карда, изҳор медорад, ки "ман террорист таваллуд накардам ва ба умед писар калон кардам".

Ӯ Кабирӣ ва Қорӣ Носирро дар роҳгумсозии фарзандонаш муттаҳам карда, дар хитоб ба онҳо гуфт, ҷавонони пойлучро ба чунин корҳо равон карда, куштаю маҳбасӣ мекунанд ва худашон роҳат мегарданд.

Модари Ҳусейн аз шаҳрвандони дигари кишвар даъват намуд, ки ҳушёр бошанд, то гирифтори тақдири талхи ӯ нагарданд.

Лентаи хабарҳо
0