ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳабиб Нурмаҳамедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук, дар посух ба репсаро Тимур Юнусов, мулаққаб ба Тиматӣ изҳор доштааст, ки "ҳар мавҷуд барои гапаш бояд ҷавоб диҳад" ва "касе ҳақ надорад, ки маро аз баёни ақидаам боздорад".
Ӯ изҳор доштааст, ки чунин сарояндаҳоро миёни машваратчиёни худ дидан намехоҳад ва таъкид намудааст, афроди дигаре ҳастанд, ки ба ӯ маслиҳат медиҳанду вай ба онҳо гӯш мекунад.
"Вақтамро бо шумо ҳайф намекунам ва агар рафтори ман ба касе маъқул нашуда бошад, ҷавоб нанависад, ман касеро дар ин роҳ маҷбур накардаам. Касе фикр мекунад, ки ман барои даъват, яъне баёни ақидаи худ ҳақ надорам, бисёр хандаовар аст", — навиштааст варзишгар дар саҳифаи Instagram-аш.
Дар навбати худ Тиматӣ изҳор доштааст, ки дар бораи Ҳабиб Нурмуҳаммедов фикри дигар — беҳтаре дошт.
Қаблан сароянда Егор Крид дар саҳифаи Instagram-аш навишт, ки интизор надошт Нурмуҳаммедов ҷонибдори баргузор нашудани консерташ дар Доғистон хоҳад шуд. Ин консерт бояд 9 сентябр баргузор мегардид, аммо бархе аз сокинони Доғистон мухолиф баромаданд ва дар пайи паёмҳои таҳдидомез, Крид тасмим гирифтааст, консертро лағв кунад.
Нурмуҳаммедов паёми лағви консерти Кридро дар саҳифааш ҷой дода, сарлавҳа гузоштааст, ки "талафоти бузурге нашудааст".
Ба ақидаи сароянда мухлисон ҳаққи интихоб доранд ва худашон интихоб мекунанд, ки киро гӯш кунанд.