ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Баъд аз ду моҳ 6 октябри соли равон дар мусобиқаи UFC дар Лас-Вегас рақобате ба миён меояд, ки мухлисони муҳорибаҳои омехта дар Амрико ва кишварҳои ҳамсуд солҳо боз мунтазир буданд.
Конор Магрегор барои унвони чемпион бо варзишкор ва муштзани доғистонии Русия Ҳабиб Нурмуҳаммадов рақобат хоҳад кард.
Дар бораи муайян шудани рӯзи рақобати ин ду варзишкори машҳур, 4 август раиси UFC Дана Вайт хабар додааст. Вай таъкид кардааст, ки барои оғози рақобат вақти кам мондааст ва ин ду варзишкор бояд ба мусобиқа омодагӣ бигиранд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов чемпиони UFC дар вазни сабук мебошад. Вай дар 26 сабқат иштирок карда, боре мағлуб нашудааст.
Конор Макгрегор — дар вазни миёна чампион мебошад. Ва бо 21 варзишкор сабқат карда, се маротиба мағлуб шудааст. Пештар Конар Макгрегорро дигар муштзани машҳур Флойд Мейвезер мағлуб карда буд.