ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои наздикон, Глухов, ки солҳои охир дар шаҳри Тюмен зиндагӣ мекард, 11 сентябр дунёро падруд гуфт.
Владимир Глухов дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ба воя расидааст. Хатмкардаи мактаби рассомии ба номи Олимови шаҳри Душанбе мебошад. Узви Иттифоқи рассомони Русия ва Тоҷикистон мебошад.
Марҳум, ки маъруфияти сатҳи ҷаҳонӣ дошт, худро рассоми тоҷик муаррифӣ мекард.
"Аксаран худро чун рассоми тоҷик муаррифӣ менамоям. Дар Тюмен маро наққоши тоҷик мегӯянд, гарчанде ман тоҷик нестам. Ман дар Тоҷикистон ба дунё омадаам, падарам қазоқ аст, худам дар Русия зиндагӣ мекунам. Умуман ман интернатсионал ҳастам",- изҳор дошта буд, Глухов дар як суҳбаташ бо Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон барояш биҳишт мебошад.
"Барои ман Тоҷикистон ин биҳишт аст. Бароям заррае фарқ надорад, ки дигарон чӣ андеша доранд. Ман зуд зуд ба Тоҷикистон меравам. Он ҷо дӯстони зиёд дорам. Ман ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будам. Соли 1995 мо Соли навро дар хадамоти сарҳадбонӣ пешвоз гирифтем",- гуфта буд ӯ.
Дар расмҳои ӯ Тоҷикистон чун кишвари офтобӣ ва рангорангу гарм таҷассум ёфтааст. Глухов изҳор медошт, ки маҳз бо чунин рангҳо ҷавонии худро дар Тоҷикистон дар ёд дорад.
Наққошиҳои рассом дар коллексияи шахсӣ дар Маскав, Тюмен, Душанбе, Париж, Лондон, Ню-Йорк ва нуқтаҳои дигари ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд.