Глухов: табиати Тоҷикистонро на сиёсат ва на сиёсатмадорон тағйир дода наметавонанд

© Фото : из личного архива Владимира ГлуховаРассом Владимир Глухов. Акс аз бойгонӣ
Рассом Владимир Глухов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Глухов рассоми барҷаста, ки наққошиҳояш дар кишварҳои бузурги ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд, дар намоиши расмии шахсияш дар Амрико табиати зебои Тоҷикистон ва урфу одоти мардуми тоҷикро нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар осорхонаи санъати рус дар Ню-Ҷерсӣ намоиши расмҳои наққош Владимир Глухов шурӯъ шуд. Намоиши расмҳо аз 14-уми январ то 28-уми ҳамин моҳ идома мекунад.

Дар толори барҳаво 22 расме, ки дар давоми соли 2016 наққошӣ шудаанд, пешкаши ҳаводори санъат гардид. Намоиши расмҳо аз 14-уми январ то 28-уми ҳамин моҳ идома мекунад.

Боиси тааҷҷуб аст, ки ҷониби ИМА танҳо расмҳои таҷассумгари зиндагии тоҷикона ва манзароҳи Тоҷикистони рассомро барои намоиш хостаанд, чун Владимир Глухов дар дигар мавзӯъҳо низ корҳои барҷаста дорад.

© Фото : из личного архива Владимира ГлуховаРасми кашидаи Владимир Глухов. "Наврӯз"
Картина Владимира Глухова Навруз - Sputnik Тоҷикистон
Расми кашидаи Владимир Глухов. "Наврӯз"

Намоиш аз ҷониби Бунёди дастгирии санъат ва кори осорхонаи "Метсенатҳои рус" ва шахсан коллексионери санъати тоҷик Юлия Вербитская ташкил шудааст.

Тоҷикистон-биҳишт аст

Владимир Глухов дар Тоҷикистон ба дунё ва ба воя расидааст. Хатмкардаи мактаби ба номи Олимови шаҳри Душанбе мебошад. Дар айни замон рассом дар Тюмен зиндагӣ мекунад. Аъзои Иттифоқи рассомони Русия ва Тоҷикистон аст.

"Барои ман Тоҷикистон-ин биҳишт аст. Бароям заррае фарқ надорад, ки дигарон чӣ андеша доранд. Ман зуд зуд ба Тоҷикистон меравам. Он ҷо дӯстони зиёд дорам. Ман ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будам: соли 1995 мо Соли навро дар хадамоти сарҳадбонӣ пешвоз гирифтем",-ба ёд меорад Глухов зимни мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар расмҳои ӯ Тоҷикистон чун кишвари офтобӣ ва рангорангу гарм таҷассум ёфтааст. Маҳз бо чунин рангҳо Глухов ҷавонии худро дар Тоҷикистон дар ёд дорад.

"Табиат ва кӯҳҳои Тоҷикистонро на сиёсат ва на сиёсатмадорон наметавонанд, иваз кунанд",-мегӯяд рассом.

© Фото : из личного архива Владимира Глухова"Одами нағз Саид-ака", расми дигари наққош.
Картина Владимира Глухова Хороший человек Саид-Ака - Sputnik Тоҷикистон
"Одами нағз Саид-ака", расми дигари наққош.

Нақшҳои рассом дар коллексияи шахсӣ дар Маскав, Тюмен, Душанбе, Париж, Лондон ва Ню-Йорк нигоҳдорӣ мешаванд. Вале худи Глухов бештар худро чун рассоми тоҷик муаррифӣ мекунад.

"Аксаран худро чун рассоми тоҷик муаррифӣ менамоям: Дар Тюмен маро наққоши тоҷик мегӯянд, гарчанде ман тоҷик нестам. Ман дар Тоҷикистон ба дунё омадаам, падарам-қазоқ аст, худам дар Русия зиндагӣ мекунам. Умуман ман-интернатсионал ҳастам",-мегӯяд бо табассум рассом.

Качим-Кермек

Худи Глухов барои иштирок дар намоиши расмҳояш ба ИМА рафтанӣ нест. Ӯ барои намоиши дигар, ки моҳи май дар осорхонаи давлатии Шарқи Маскав баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Дар ин намоишгоҳ муаррифии китоби дуюми рассом "Качим-Кермек" баргузор мешавад.

© Фото : из личного архива Владимира Глухова"Дар бозор"-маҳсули дасти Владимир Глухов
Картина Владимира Глухова На базаре - Sputnik Тоҷикистон
"Дар бозор"-маҳсули дасти Владимир Глухов

"Барои ман намоишгоҳ дар осорхонаи Шарқ аз Амрико муҳимтар аст. Ин осорхонаи дӯстдоштаи ман аст. Барои ман ин макон ҳатто аз Третяковская галерея низ волотар аст",-шарҳ дод Глухов.

Китоби аввали "Качим-Кермек" соли 2013 аз чоп баромад. Аҷибаш ин аст, ки Глухов ба фурӯши ҳар як нусхаи китоби худ муносибати эҷодкорона дорад. Ӯ барои ҳар як хонанда дар дохили китоб расми махсус тӯҳфа мемонад.

Лентаи хабарҳо
0