ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино ба иттиоли Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Алишерзода Умеди Алишер, соли таваллудаш 1996, бидуни ягон асос ба Шаҳло Бобораҷабова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳамла карда мошинашро рабудааст.
"Ба Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи шаҳрванд Шаҳло Бобораҷабова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нусратулло Махсум дар он хусус ворид гардид, ки санаи 3-юми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 5.30 дақиқа дар кӯчаи Назаршоев, шаҳрванд Алишерзода Умеди Алишер, соли таваллудаш 1996 бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ мошини шахсиаш "Лексус-350" —ро рабудааст", афзуд манбаъ.
Манбаъ таъкид намудааст, ки айни ҳол гумонбаршударо кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур дастгир намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло нисбати ин ҳодиса чораҳои боз намудани парвандаи ҷиноятӣ андешида шуда истодааст.