ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Назаров баъди гирифтани мақоми аввал дар мусобиқа барои Ҷоми IAAF, ки 9 сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, изҳор дошт, ки ба ин мусобиқот бо омодагии хеле ҷиддӣ омада буд.
"Бо ду сабаб бисёр мехостам, ки дар ин мусобиқа ғолиб оям. Пеш аз ҳама мехостам барои тими Осиё-Уқёнус холҳои бештар гираму мақомашро боло барам. Дуюм дар бозиҳои Осиё — 2018 ҳунарнамоии хуб накардам ва дар ин мусобиқа бояд ба ҷаҳониён исбот мекардам, ки он як тасодуфу адами тайёрии кофӣ, ё худ "форма" буд", — иттилоъ додааст пойгоҳи хабарии IAAF аз қавли Назаров.
Назаров, ки дар мусобиқаи IAAF Continental Cup ҳар партоваш беҳтар аз пешӣ буд, ниҳоятан гурзро ба масофаи 77 метру 34 сантиметр ҳаво дода, дар мақоми аввал қарор гирифт.
"Имрӯз дар ҳар даври партофтани гурз натиҷаҳои беҳтар аз пеширо ба даст овардам, ин тактикаи хоси ман дар ҳамаи мусобиқаҳо мебошад ва хушбахтам, ки имрӯз онро ба хубӣ тавонистам татбиқ намоям", — афзудааст Дилшод Назаров.
Дар мусобиқаи Ҷоми байниқитъавии Ассосиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук ҳашт варзишгар аз Тоҷикистон, Маҷористон, Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Қатар, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Миср ширкат дошт. Дилшод Назаров дар ин мусобиқа бо партови хубаш аз гурзандозҳое, ки дар мавсими соли ҷорӣ дар сархати раддабандиҳо қарор доштанд, пеш гузашт.
Дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех беш аз 320 варзишгар аз 78 кишвар дар намудҳои гуногуни варзиш ширкат варзиданд.
Ба варзишгароне, ки дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои аз якум то ҳаштумро гирифтанд, ҷоизаҳои молӣ муқаррар шудааст. Барои ҷойи аввал — 30 000 доллар, ҷойи дуюм — 20 000, ҷойи сеюм — 10 000, ҷойи чорум — 8000 доллари ИМА мукофотпулӣ супорида мешавад.