Ҷамъбасти Ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" дар Конибодом

Обуна шудан
Шоми 22-уми сентябр дар маҷмааи Қаҳрамонони шаҳри Конибодом ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" ҷамъбаст шуд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Маросим шоми 20 сентябр оғоз гардида, дар он Ансамблҳои шашмақомсаро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон ширкат карданд.

Барномаи консертии навбатӣ, шоми 21 сентябр манзури ҳаводорони санъати шашмақом гардид, тақрибан се соат идома ёфт. Дар он ҳунарпешаҳои Академияи мақоми Тоҷикистон, Ансамбли шашмақоми Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ансамбли шашмақоми Филармонияи давлатии Тоҷикистон, намояндагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи  Атоев, ансамблҳои шашмақомсаро аз ноҳияҳои Рўдакӣ, Рашт ва шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ карданд.

Въезд в таджикский город Канибадам - Sputnik Тоҷикистон
Дар Конибодом шашмақомсаро меҷӯянд

Инчунин рўзи 22 сентябр дар шаҳри Конибодом Ҳамоиши дурўзаи байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзўи "Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият" дар доираи Фестивал ба анҷом расид.

Шоми 22 сентябр дар консерти ҷамъбастӣ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ўрунбек Ҳамдамов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев, Абдуҷалил Ҳошимов, Карим Қосимов намояндагони Консерваторияи миллии Ўзбекистон ва Донишкадаи санъати Ўзбекистон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Ўзбекистон Мавлуда Дадобоева аз шаҳри Тошкент баромад хоҳанд кард.

Боиси зикр аст, ки Фестивал, ки бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Конибодом гузаронида мешавад,то 23 сентябр идома ёфта, дар он ансамблҳои шашмақомсаро аз дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0