ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Даври дуюми мусобиқаи байналмилалии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Чин дар шаҳри Стюйстзин дар пайи борони шадид дар дақиқаи 77-ум бо ҳисоби 1:1 хотима дода шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз дақиқаҳои аввал бозӣ дар зери борон шурӯъ гардид.
"Дар даври дуюми бозӣ вазъи боду ҳаво бадтар шуда, дар дақиқаи 77-ум довари асосӣ аз Чин, Хуанг Ечжун қарор дод, ки бозиро мавқуф гузорад", — иттилоъ додааст манбаъ.
Футболбозони ҳарду ҷонибро ба нишастгоҳи майдон хонданд ва масъулони варзишгоҳ хостанд майдонро аз об пок кунанд, аммо аз зиёд будани кӯлмакҳои об барои давом додани бозӣ имкон нашуд.
Дар пайи машварат ташкилкунандагони мусобиқа ба хулосае омаданд, ки бозӣ ба дигар рӯз гузошта намешавад ва бо ҳисоби мусовӣ 1:1 хотима дода шавад.
ФФТ зикр кардааст, ки бозии мазкурро аз минбар мутахасиси машҳури футбол, мураббии ҳоландӣ, Гус Хиддинк назорат мекард.
Дар бозии дигар тими Узбакистон бо ҳисоби 2:0 бар Мянма ғолиб омад.
Қаблан дар қувваозмоӣ Тоҷикистон бо ҳисоби 0:1 аз тими Узбакистон шикаст хӯрда буд.
Тими Узбакистон бо гирифтани 6 хол дар ин бозӣ пешсаф аст. Тими Чин бо доштани 4 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. Тими Тоҷикистон, ки як хол дорад бо тими Мянма, ки ҳанӯз хол нагирифтааст, 8-уми сентябр мусобиқа хоҳанд кард.