ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шайх Аҳмад Ал Фаҳад аз азми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти варзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар истиқбол кардааст.
"Мо метавонем лоиҳаҳои ҷадидро оид ба сохтмони иншооти варзишӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва харидории лавозимоти варзишӣ амалӣ намоем", — изҳор доштааст Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ.
Шайх аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хост, барои сохтмони як майдончаи дигари варзишӣ ва лавозимоти варзишӣ лоиҳа пешниҳод намояд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки рушди варзиш миёни бонувон яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ба ҳисоб мерафт. Қайд гардидааст, ки 50 фисади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд, аз ин хотир месазад, ки дар самти варзиши бонувон ҳам корҳои самарабахш сомон дода шавад.
Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ аз иштироки тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар Бозиҳои Осиё, новобаста аз натиҷаи вохӯриҳо, истиқбол намуд.
"Маҳз дар ҳамин замина мо бо Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нақшаҳои ҷадидро ояндаи наздик рӯи кор хоҳем гирифт", — иброз дошт президенти Шӯрои олимпии Осиё.
Тавсифи Шайх Аҳмад ва ваъдаи дастгирияш дар ҳоле садо доданд, ки мунтахаби бонувони футболбози тоҷик барои нахустин бор дар таърихи кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, Осиё — 2018 иштирок кард. Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар БО — 2018 бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин нахустин таҷриба ва оғози кор буда, пирӯзиҳои бонувони тоҷик ҳанӯз дар пешанд.