Рассомони вилояти Суғд эҷодиёти худро ба намоиш мегузоранд

CC BY-SA 3.0 / Ibrahimjon / Национальный музей Таджикистана, архивное фото
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 25 июли соли равон дар осорхона намоиши асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад.

Манба таъкид мекунад, ки намоиши мазкур ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.

Старинные монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз сандуқ то сиккаву сӯзанӣ: 100 бозёфти таърихии нав дар осорхонаи Суғд

Намоиш 25 июли соли равон соати 10 оғоз гардида, дар он офаридаҳои рассомон, аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба тамошо гузошта мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ташаббускорони намоиш Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки намоиши эҷодиёти рассомони вилояти Суғд 25 июл оғоз ёфта, то 15 августи соли 2018 идома меёбад.

 

Лентаи хабарҳо
0