Тавзеҳи мурабии тими “Хуҷанд” дар бораи пирӯзии дастааш дар мусобиқаҳои меҳмонӣ

© Фото : Пресс-служба ФФТИгроки футбольный клуб "Худжанд", архивное фото
Игроки футбольный клуб Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими футболи “Хуҷанд” дар мусобиқаҳои меҳмонӣ бар тимҳои “Барқчӣ” ва “Панҷшер” пирӯз шуд. Дастаро боз шаш бозии мушкил интизор аст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тими футболи "Хуҷанд" дар мусобиқаҳои меҳмонӣ бар тимҳои "Барқчӣ"-и Ҳисор ва "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ пирӯз шуд. Нуъмонҷон Юсупов, мураббии ин тим натиҷаҳои ба дастовардаи дастаашро чунин шарҳ дод.

"Мо дар давоми 8 рӯз се бозӣ анҷом додем. Барои тими мо, ки ҳайаташ начандон зиёд аст, ҷадвали бозиҳои мавҷуда бисёр мушкил аст. Аммо бачаҳо ба ин нигоҳ накарда ирода қавии худро нишон медиҳанд. Муҳим он аст, ки бозиҳо бо натиҷаҳои мусбӣ анҷом ёфтанд. Вобаста ба ҷадвали бозӣ чизе гуфта наметавонам, чунки ҳамаи тимҳо бо ҳамин ҷадвал бозӣ доранд", — гуфт Юсупов.

ЮНОШЕСКАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА (U-16) СТАЛА ОБЛАДАТЕЛЕМ КУБКА АКИМА АСТАНЫ - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҳокими Остона оид ба футбол

Мураббии "Хуҷанд" инчунин тавзеҳ дод, ки 5-6 бозигарони асосии тим захм хурдаанд, ба ҳамин хотир барои бозиҳо футболбозони ҷавон ҷалб мешаванд. Ба гуфтаи вай, барои футболбозони ҷавон ин бисёр муҳим аст, онҳо метавонанд тавоноии худро нишон диҳанд. Онҳо метавонанд барои ҷой бо бозигарони ботаҷриба рақобат намоянд.

Инчунин Юсупов дар бораи бозии ҷавобии дар пешистодаи дастааш бо тими "Барқчӣ" дар даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон чунин тавзеҳ дод.

"Интизорӣ аз бозии ҷавобӣ мисли рақобати аввала аст. Бозии осонро интизор нестем, мо дар меҳмонӣ 2:0 пирӯз шудем ва ба мо имкон намедиҳад, ки раҳат бошем. Мо ба бозии ҷавобӣ омода хоҳем шуд. Дар натиҷаи ба даст овардани роҳхат ба бозии ниҳоии Ҷоми миллӣ, новобаста аз он, ки тими рақиб дар ин даврҳо қавитар мешавад, дастаи мо барои пирӯзӣ бози хоҳад кард", — гуфт мураббӣ.

Ҳамчунин мураббӣ Хуҷанд бозии тимашро бо "Панҷшер" тавзеҳ дода гуфт, ки пирӯзи ба осонӣ ба даст наомадааст.

Сборная Таджикистана по футболу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тими Тоҷикистон аз Узбакистон шикаст хӯрд

"Дар ин бозӣ, ғайр аз бозигароне, ки бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистанд, футболбозоне иштирок намуданд, ки захмҳои сабук доштанд. Барои ивази бозигарон дар вақти бозӣ, ҳамаги 4 футболбоз доштем. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда бозигарон иродаи қави нишон дода, пирӯзиро ба даст оварданд. Ман аз онҳо онҳо ташаккур мекунам. Умедворам, ки мо мухлисони худро, ки дар ҳамаи бозиҳо моро дастгирӣ карданд хушҳол кардем", — гуфт Юсупов.

Наимҷон Юсупов таъкид кард, ки дастааш аз ҷои аввал будан ҷадвал хушҳол аст, аммо дар пеш шаш рақобати мушкили дигар интизор аст. Даста бояд бояд дар бозиҳои оянда холҳояшро аз даст надиҳанд.

"Ҳафтаи истироҳат бисёр ба маврид аст. Бозигарон имконият пайдо мекунанд пеш аз бозиҳои моҳи сентябр, бо тимҳои "Истиқлол" ва "Регар ТадАз" истироҳат карда ба бозиҳо омода шаванд. Кӯшиш мекунем, ки тимро пурзур намоем. Умедворам, ки ин танафуси хурд ба фоиидаи дастаи мо шавад", — гуфт Юсупов. 

Лентаи хабарҳо
0