ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанд дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд консерти муштараки ҳунармандони вилоятҳо таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.
Қарор аст дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанди Узбакистон ба вилояти Суғд дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи молу маҳсулоти вилояти Самарқанд баргузор шавад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки намоишгоҳи мазкур рӯзи 8 сентябр дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.
Инчунин тибқи нақша 8 сентябри соли равон бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳо дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Самарқанд гузаронида мешавад.