Навори "Шоми дӯстӣ": ҳунарнамоии санъаткорони Тоҷикистону Узбакистон

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаКонцерт по случаю визита в Душанбе президента Узбекистана Шавката Мирзиёева
Концерт по случаю визита в Душанбе президента Узбекистана Шавката Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Кохи "Узбекистон"-и Тошканд барномаи "Шоми дустӣ", ки дар он ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон баромад мекунанд, оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар Тошканд бо ширкати ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон барномаи "Шоми дӯстӣ" оғоз шуд. Барномаро сарони кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев низ тамошо карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар ин барнома теъдоди зиёди ҳунармандони тоҷик, бештар аз 170 нафар ширкат мекунанд.

Ёдрас мешавем, имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯза вориди Тошканд шуд. Раисҷумҳурро президенти Узбакистон шахсан пешвоз гирифт.  Ҷонибҳо дар ҳузури ҳайъати расмии ду кишвар 26 санади нав ба имзо расониданд.

Сарони ду кишвар дар рафти нишасти матбуотӣ аз натиҷаи гуфтушуниди роҳбарони ду кишвар иттилоъ доданд. Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев чанд асари адибони классики тоҷику узбекро ҳадя кард.

Лентаи хабарҳо
0