ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса тахминан соати 21:20-дақиқа дар ҳудуди мавзеи "Ҷоре"-и ноҳияи Айнӣ рух дод.
"Ронанда Қурбонов Қурбоналӣ, сокини 36-солаи шаҳри Леваканд, аз уҳдаи идораи "DAF", ки дар бордонаш 28747 литр сӯзишвории бензин ва 6253-литр сӯзишвории дизелӣ доштааст, набаромада ба ҷӯйбори калони рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, сӯзишворӣ ба замин рехта, аз шарораи садама сӯхтор ба амал омадааст", — иттилоъ додааст ВУД.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар пайи ҳодиса худи ронанда ва мусофираш Қурбонов Қосим, 1992, сокини 26-солаи шаҳри Леваканд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.