ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Гутерриш дар рӯзи ҷаҳонии ёдбуди қурбониён ва дастгирии ҷабрдидагони терроризм изҳор дошт, ки ҳамлаҳои охири террористӣ, аз Тоҷикистон то Бритониёи Кабир, Бағдод то Барселона ҷаҳониёнро такон доданд.
"Ин нишон дод, ки ягон кишвар наметавонад худро аз терроризм эмин хонад. Ҳар миллат метавонад, қурбони ҳамлаҳои террористӣ шавад", —изҳор доштааст Гутерриш.
Ӯ таъкид намудааст, ки терроризми байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои бузургтарин барои осоиштагӣ дар ҷаҳон буда, аксаран шаҳрвандон дар Афғонистон, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ ва Сурия қурбони терроризм мегарданд.
Дабири кулли СММ ҷаҳониёнро ба дастгирии ҷабрдидагони терроризм даъват карда, изҳор дошт, ки ба ҳамин восита метавонем аз ҳадафи террористон, ки густариши бадбинию тафриқаандозӣ дар ҷаҳон аст, ҷилавгирӣ кунем.
"Ҷабрдидагон бояд аз кӯмакҳои дарозмуддати молӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ бархӯрдор бошанд", — таъкид намудааст Гутерриш.
Дабири кулли СММ зикр кардааст, ки баъди ҳамлаҳои террористӣ мо дар бораи онҳое, ки маҷруҳ ё кушта шуданд, хеле кам мешунавем.
"Инҳо одатан духтарону бачаҳо, занону мардони оддиянд, ки ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд ва ҳаёташон қатъ гардид ё барои ҳамеша тағйир ёфт. Дар бораи оилаҳои қурбониён, дӯстон ва ҷамоатҳо, ки маҷбуранд бо бори терроризм зиндагӣ кунанд, кам ёд мекунем", — изҳор доштааст Гутерриш.
Ӯ гуфтааст, 21 август, рӯзи ҷаҳонии эҳтирому ёдбуди қурбониёну ҷабрдидагони терроризм бо ҳадафи дастгирии бештари онҳо аз ҷониби СММ эълон шуд.
Гутерриш таъкид намудааст, ки бо дастгирии бештари қурбониёни терроризм ва оилаҳои онҳо, кишварҳои ҷаҳон уҳдадории умумияшонро иҷро мекунанд ва зарбаеро, ки террористон ба афроди алоҳида, хонаводаҳо ва ҷамъиятҳо мерасонанд, коҳиш медиҳанд.
Зикри Гутерриш аз ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғара дар ҳолест, ки ин фоҷеа 4 кушта ва ду маҷруҳро барҷой гузошт. Ҳамлаи рӯзи 29 — уми июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара, дар вилояти Хатлон рух дода, масъулияти онро "ДОИШ" ба уҳда гирифт. Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро муттаҳам карданд, вале ин ҳизб иттиҳомотро рад намуд.