Таҷлили “Рӯзи китоб” дар Душанбе

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКнижный стеллаж. Архивное фото
Книжный стеллаж. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ҷамъбаст мегардад

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз,  соати 14:00 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ҷамъбаст мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, озмун ба таҷлили Рӯзи китоб бахшида шуда, миёни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Сайри китоб": дар Тоҷикистон ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон оғоз шуд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид кардааст, ки мақсади баргузории озмуни мазкур ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр ҳамчун "Рӯзи китоб" ҷашн гирифта мешавад.
Қарор аст, имрӯз Вазорати фарҳанг, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии ҳамоишҳои зиёди фарҳангӣ баргузор намояд.

Лентаи хабарҳо
0