Тоҷикистон тафтишоти ҳамлаи Данғараро ба анҷом расонд

© AP / Zuly RahmatovaВелосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года
Велосипеды туристов, которых сбили в Таджикистане. 29 июля 2018 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маълум аст, ки Тоҷикистон амали террористиеро, ки дар Данғара рух дода буд, мустақилона тафтишот мекард

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тафтишоти ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ, ки дар ноҳияи Данғара рух дода буд, ба анҷом расонд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

"Тафтишоти ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара рӯх дода буд ба анҷом расид ва дар рӯзҳои наздик ба додгоҳ супорида мешавад", — афзуд вай.

Рабочая поездка президента Таджикистана в Дангаринский район Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони Данғара барои кӯмак дар ошкори ҳамла ба сайёҳон

Ба гуфтаи Умаров қисмати панҷ нафаре, ки дар ҳамлаи ба ҷаҳонгардони хориҷӣ айбдор мешаванд додгоҳ баррасӣ мекунад. Вай таъкид кард, ки як нафари дигари ин гурӯҳ ғайб зад ва дар ҳоли ҳозир дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Тоҷикистон тафтишоти ин амали террористиро мустақилона анҷом додааст.

"Амрико пешниҳод карда буд, ки дар тафтишоти ин қазия метавонад ба мо кумак расонад, аммо касе аз Амрико наомад. Ростӣ мо ба кумак ҳам ниёз надоштем, чунки мо ин ҳодисаро зуд пайгирӣ намуда онро ошкор намудем", — ишора кард муовини раиси КДАМ.

Ёдрас мешавем, 29 июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд муттаҳам ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 гардишгар кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0