ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Данғара, ки дар ошкор кардани ҷинояти ҳамла ба террористон дар Данғара кӯмак карда, ба гардишагарони ҷароҳатбардошта дасти мадад дароз кардаанд, изҳори миннатдорӣ кард.
Изҳори сипоси Эмомалӣ Раҳмонро ёвари раисҷумҳур Абдуҷаббор Раҳмонзода дар як мулоқот бо сокинон ба онҳо расонид.
Дар ҳамин мулоқот раиси ноҳия ба афроди кӯмакрасон тӯҳфа тақдим кард.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи маргбор 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рух дод, ки дар натиҷа чор нафар, ду шаҳрванди ИМА ва шаҳрвандони Ҳолланду Швейтсария ба ҳалокат расиданд. Мошини "Леганза", ки ҳомили афроди мусаллаҳ будааст, гуруҳи дучархасаворонро зер карда, сипас ҷабрдидагон ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар мавзеи ҳамла ба гардишагарон дар Данғара лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.
Ҳамчунин як корбари фаъоли Фейсбук Зулфия Раҳматова хабар дод, ки дар рӯзи фоҷеа раиси Раёсати хадамоти гумрук дар шаҳри Душанбе сайёҳони маҷруҳро фаврӣ бо мошини шахсиаш ба бемористон интиқол додааст. Вай бо навиштани ёддоште дар шабакаи иҷтимоӣ аз Хуршед Бозоров миннатдор гашта, ӯро "инсоне бо дили бузург" номид.