Харбузада биё: таҷлили Иди Харбуза дар Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздник дыни на рынке Мехргон в Душанбе
Праздник дыни на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 4 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамкории шаҳрдории пойтахт, Иди харбуза баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Иди харбуза ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахт бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ҷашни харбуза чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон дар моҳҳои август ва сентябр ва дар авҷи мавсими харбуза ва тарбуз баргузор мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи Иди харбуза Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, ширкат намуд.

Зимни суханронӣ вазир таъкид кардааст, ки тоҷикон харбузаро 5 ҳазор сол пеш парвариш мекарданд.

Неделя культуры Бадахшана в Согде - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе Иди асал ва харбуза баргузор мешавад

Дар маркази хариди Меҳргон дар шаҳри Душанбе навъҳои мухталифи харбуза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш ва фуруш гузошта шудааст.

Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, харбуза, тарбуз ва каду бо нархҳои 20 дарсад аз бозор арзонтар ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод шуд. Пагоҳ харбузаю тарбузҳо бо нархи то 50 дарсад арзон ба фурӯш мегузоранд.

Книжный стеллаж. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили “Рӯзи китоб” дар Душанбе

Ҳамзамон озмуни беҳтарин харбузаҳо ҳам баргузор мегардад ва ба ғолибон ва беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ ҳадияҳои арзандае тақдим мешавад.

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Дар чорабинии имрӯза навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла харбузаи «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсиллдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширнпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора» бо нархҳои дастрас ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0